Роботи нахустин дар Тоҷикистон

Як хонандаи синфи даҳуми литсейи инноватсионӣ дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон “робот”-еро сохтааст, ки дар ҳоли ҳозир бо се забон гап зада, ҳамзамон вазифаи дарбониро иҷро мекунад.

“Авротоҷ” – исми аввалин “робот” ё “одами оҳанин” дар Тоҷикистон ва он ҳам маҳсули кори як навраси 16-сола мебошад.

Сунатулло Қосимов, хонандаи синфи 10-уми литсейи инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, ин “робот”-ро дар 14-солагияш сохта ва талоши ворид кардани забони чорум дар хотираи онро дорад.

“Робот”-и Сунатулло айни замон бо 3 забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ гап мезанад ва барои таъмини амният ва нигоҳубини мактабу муассисаҳои дигар низ пешбинӣ шудааст. Ин донишомӯзи тоҷик мегӯяд, дар асри 21, яъне фанновариҳои ҷадид, дигар киро кардани муҳофиз – одамон зарур нест. “Робот”, яъне муҳофизи ӯ, ки Авротоҷ (аввалин роботи Тоҷикистон) ном дорад, метавонад дар мактабҳо ҳамчун дарбон истода, хонандаҳои ба дарс дермондаро акс бигираду сарзаниш намояд.

Ӯ мегӯяд: “Ин роботро дар муддати тахминан як солу як моҳ сохтам. Он қобилияти роҳ рафтан, сухан гуфтан ва ба навор гирифтан дорад. Қадаш 1 метру 60 сантиметр аст. Онро, инчунин, метавонем дар фурудгоҳҳо барои расондани эълонҳо ба мардум истифода барем. Аслан идеяи сохтани чунин як робот дар фикри ман баъд аз тамошои филмҳои мухталиф пайдо шуд. Аз кӯдакӣ ҳамеша фикр мекардам, чӣ тавр роботҳо сохта мешаванд ва мегуфтанд бояд робот созам.”

Ворид кардани тавзеҳот

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *