Women’s Relay Competition

Ҳабибова Зуҳал – донишҷӯи гурӯҳи 10-и факултети тиббии ДДТХ

  Ҳар гоҳ, ки номат ба забон меояд,                       

Дар ҷисми қалам дубора ҷон меояд.

Чун васфи туро сар кунам аз дил ба забон,

Чун оби равон шеъри равон меояд.

Модарҷон, имрӯзҳо зи ту дураму пазмонат гаштаам. Баҳри таскини дили хеш дар ин авроқи безабон таронаеро баҳрат нигоштан мехоҳам. Бо кадомин суханон васфат созам, ки беҳтарин суханҳоро гуфтаанд.

Модар бо офтоб ё бо моҳ, бо обу ҳаво, бо замин ва ё само. Ба ҷон баробарат месозам, на ту аз он ҳама болотарӣ. Бе ту ҳастии дунё маъное надорад.

Олитарин ҳадяи Худованд туӣ-модар! Зиндагӣ зи ту сарчашма мегирад, олиҳаи ҳастӣ, ки ба мо ҳаёт бахшидӣ. Ба ҷон баробар дӯстат медорам, модарҷон! Дар раҳи сафар ба сӯи фатҳи ќуллаҳои дониш бо дастони нозуку пурсаховати худ дуоям додиву ашк рехтӣ. Ашк рӯи рухсораат мешорид. Ашк марезон, модарҷон, ки   тоқати дидани дидаи гирёнатро надорам. Дили ту ганҷи меҳру вафост, ки баҳри мо фарзандон онро арзонӣ медорӣ. Ба номат саҷда меорам, модар, ки номат мисоли ту бузург аст: дил, аҳд, раҳм. Худовандо, бигузор ашки модаронро  ҳаргиз касе набинад. Он ҳама ғаму ҳасратро зи онҳо дур бисоз, дуоямро мустаҷоб бигардон!

 Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,                                               

Фатҳу кушоиш дасти дуои модар.                                                              

 Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,                                               

Ангезаест шояд, аз аллаҳои модар.

Модар барои ҳар як инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро ба модар баробар ва ҳамрадиф донистаанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Модар  чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як  хонадон, ганҷи бебаҳо  ва фариштаи илоҳиест барои  фарзанд.

Хоки қадамат ба дида молам, модар,                                        

  Додӣ ту ба ҷон шири ҳалолам, модар.                             

  Ҳастанд ягон-ягон, ки хорат созанд,                    

  З-ин тоифа бисёр малолам, модар.

Модарон арзандаи ҳама гуна эҳтирому дӯстдорианд. Зеро, меҳрубонтарин инсонҳои рӯи оламанд ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиранду дилсӯзу бахшандаанд. Навозишҳои дастони модар беҳтарин истироҳат аст-барои фарзанд, новобаста ба синну сол. Чун зан-модар худ гул аст, ҳар ҷое қадам мениҳад, онҷо гулу гулзор мешавад.

Модари ҷон хоки поят мешавам,

Чун бароят ҷонфидоят мешавам.

Ин дили ман зор-зори ту бувад,

Чун ки то ҳастам, фидоят мешавам.

Қалби модар зеботарин ва ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст. Ҳатто, дар рӯзҳоре, ки ба  мӯйҳои фарзанд сафедӣ афтода бошад. Маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, одоби ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгорро моро зеб медиҳад. Давлате, ки нисбат ба модар, ин сарчашмаи ҳаёт ва бақои насли инсон бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад. Зан барои башарият аз олитарин неъматҳои Худост. Ӯ шабу рӯз нигаҳбони ҳаёту созандаи шахсият аст.

Зан модари ман, модари ту, модари ом аст,

Зан шарбати ҳар маъракаву косаи ҷом аст.

Бе зан чӣ бувад зиндагиву зист дар олам,       

Зан ҳусни замин, ҳусни само, ҳусни замон аст.

Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, борон аз абр, ҳарорат аз офтоб ва зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад.

Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи зан-модар  нуҳуфтааст. Беҳуда нагуфтаанд: “Модар бо як даст гаҳвораи мо ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад.” Дар васфи модарон чӣ қадар шеъру таронаву суруд бихонем, бинависем ин кам аст, чунки олиҳаи  ҳастии ҳамаи мавҷудоти рӯи замин ин зан-модар аст.

Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,

Як байт ҳам наарзад андар санои модар…

Агар дили пурмеҳри модару дасти табаруккаш набошад, зиндагӣ бе рӯҳу беранг хоҳад гашт ва мардон хому носуфта  хоҳанд гашт. Зеро дар паҳлӯи модар будан соҳибдавлат будан аст.

Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад, зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебои рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва офарандаи фарзанд мебошад. Тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст, Худованд ба зан-модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад, Пайғамбари ислом биҳиштро зери қадамҳои модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро ба файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.

Дили модар чу дарёи равон аст,

Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.

Сано бодо Муҳаммадро, ки гуфтаст,

“Биҳишт зери қудуми модарон аст”.

Аз ин лиҳоз мо вуҷуди муқаддаси аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост. Беҳуда нест, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузи эътибори он аз рӯи муносибат ба зан, ба модар муайян карда мешавад. Аз рӯи он арзёбӣ мегардад, ки занон то чӣ андоза соҳибмаърифату соҳибкасбанд ва то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози истиқлолият вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ-ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Дар натиҷа  солҳои охир теъдоди  занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимият, мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлатию ҷамъияти торафт афзоиш меёбад. Онҳо дар рушду пешрафти самтҳои ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта, истодаанд. Имрӯз дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо назардошти бахши хусусӣ беш аз 1 млн занону духтарон фаъолият доранд, ки нишондиҳанда 45%-ро шумораи аҳолии машғули корро ташкил медиҳад. Қисми зиёди кормандони соҳаҳои маорифу тандурустиро  занон ташкил медиҳанд. Умуман дар соҳаи тандурустии кишвар беш аз 50 ҳазор нафар машғули кор бошанд, аз ин рақам 44 ҳазор нафарашон занон мебошад. Дар соҳаи маориф бошад, 52 ҳазор нафари омӯзгорон аз ҳисоби занон фаъолият мекунанд.  Боиси хушнудист, ки имрӯз дар ҷодаи илм беш аз ҳазор нафар занони донишманд ва бамаърифати тоҷик пурмаҳсул заҳмат мекашанд.

Занро зиннати хона, устоди атфол ва муаллими наслҳо мегӯянд. Воқеъан ҳам агар зан дар оила бо ақлу бо фаросат сариштакору озода бошад, худрову атрофиёнашро аз ҳолатҳои ногувори зиндагӣ эмин нигоҳ медорад. Раванди тадбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баррасиву ҳалли мушкилоти ҷойдошта, пешгирии зуҳуроти номатлуб ва тадбирҷӯиҳо баҳри маърифатнокии бонувон чӣ ислоҳоту таҳаввулоте  ба миён овардааст.

Замину осмони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар,

Ҷаҳони бекарони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар.

Дар ин дунё, ки бераҳмиву бемеҳрист бунёдаш,

Ягона меҳрубони ман тӯӣ модар, тӯӣ модар.

Ҳамду сано ба зан модар, ки муҳаббати у интиҳо надорад ва пойдории ҳаёти инсоният ва бақои одамият аз бузургиву фазилатҳои уст. Ба оғози эҳёи табиат фасли рӯидани сабза, шукуфтани гулҳо ва ҷомаи сабзи баҳори ба тан кардани дашту саҳрои сарзамини зебоямон рост омадани Рӯзи модар рамзи басо неку хуҷаста мебошад. Чунки агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндаги ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташабусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба кишту кор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қиммат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.

Алла мехонди ту шабҳои дароз,

Бар сари гавҳораи пурнози ман,

Роҳатам буд аз шаби бехобиат,

Модаро бишнав кунун овози ман.

Иди зебоятон мубораку хуҷастапай бошад модарони азизу меҳрубон!

Ворид кардани тавзеҳот

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *